Тоҷикистониён Трампро ба додгоҳ мекашанд

Шаҳрвандоне, ки соҳиби грин корт шуданду ҳуқуқи вуруд ба ИМА - ро пайдо карданд ба мушкилот рӯ ба рӯ шуданд: сафари онҳо ба муҳлати номуайян ба таъхир афтод
Президенти ИМА Доналд Трамп ва котиби давлатӣ Майк Пампео ба додгоҳ кашида мешаванд, хабар медиҳад РИА Новости.
Сиёсатмадоронро шаҳрвандони чанд кишвар: Тоҷикистон, Русия, Украина, Туркия, Белоруссия, Арманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба додгоҳ кашиданианд.
Одамоне, ки соҳиби шонс барои зиндагӣ дар Амрико шуданд, онҳое, ки грин корт ва раводид дарёфт карданд, ба далели ҳамагирии коронавируси COVID - 19, манъи вуруд ба ин кишвар ва баргузор нашудани мусоҳиба, аз сафар ба ИМА маҳрум монданд.
Аксари шаҳрвандони "хушбахт" аз корашон рафтаанд ва хонаю дари худро ба фурӯш баровардаанд, вале дар ниҳоят сафари онҳо ба вақти номуайян ба таъхир афтод ва эҳтимол умуман намешавад.
Вазъиятро боз як далели дигар мушкилтар мекунад: шаҳрвандон метавонанд умуман аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум шаванд, чун муҳлати бархе аз ҳуҷҷатҳо метавонад ба охир расад.
Комментарии (0)