< Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Бино ба гузориши портали ягонаи миллии Тоҷикистон оид ба коронавирус, теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар то шоми рӯзи 28 июн, ба 5 ҳазору 849 нафар расид

 Тибқи иттилои портали ягонаи миллии Тоҷикистон оид ба коронавирус, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Рӯзи гузашта ин нишондод 52 ҳолат дар як шабонарӯзро ташкил дода буд.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон дар муддати аз 30 апрел то 28 июн ба 5849 нафар расид.

"То имрӯз дар кишвар 4448 нафар гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, таъкид кард манбаъ.

Комментарии (0)

Оставить комментарий