Мактуби шикояти электронӣ ба Вазорату идораҳо
БА МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ХАДАМОТИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аз номи кормандони техникии (сантехникҳо, барқчиҳо, кормандони газ) Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "ИСТИҚЛОЛ''
Бо арзу дуруди бепоён ба маълумоти Шумо мерасонам, ки кормандони техникии (сантехникҳо, барқчиҳо, кормандони газ) Муассисаи давлатии Мачмааи тандурустии "ИСТИҚЛОЛ'' дар шароити паст ва ҳолати ногувор қарор доранд. Ҳуҷраи кори онҳо дар таҳхонаи корпуси 6 дар бари ҳуҷраи сузандоруҳои истифодашуда ҷойгир буда, ба ягон талаботи санитарию эпидемики ҷавобгуй нест. Барои ин кормандон на ҳоҷатхона, ҷойи барои либосивазкунӣ, ҷой барои хурокхурию хуроктайёркунӣ, ҷой барои дасту руйшуи, либоси кори, асбобу анчомҳои кори умуман ягон шароит муҳайё нест. Зиёда аз 10 маротиба барои шароит ба роҳбарияти Беморхона (аз ҷумла Абдуллозода Ч.А. он вақт директори беморхона буданд ва хуб медонад аз аҳволи бачоҳо) муроҷиат намудем. Дар давраи пандемияи COVID-19 кормандони техники новобаста аз бемориашон дар кор фаъолона иштирок ва хизмат карданд. Қариб ҳамаи кормандони техники дучори COVID-19 шуданд ва барои бистари дар беморхона иҷозат надоданд. Ва инчунин маошашон зиёда аз 1000 сомониро ташкил мекард ва бо омадани роҳбари нав маошашон то 600 сомони кам карда шуд. Шумо хуб медонед, ки Беморхонаро бо сифати пасти техникӣ ва сохтмонию садамавӣ ба истифода дода буданд, ки кариб 151 млн сомони дузди ошкор шуда буд. Ҳамаи ин корҳои пастсифату садамавиро фақат ҳамин кормандони техникии БЕМОРХОНА бартараф карда истодаанд. Бояд қайд кард, ки тибқи фармони Президент ба кормандоне, ки дар вақти карантин дар БЕМОРХОНАҲО фаъолият менамоянд як маоши вазифавӣ ба муҳлати се моҳ пардохт карда шавад. Ба ин кормандон ҳамаги 200 сомонӣ дар ду моҳ пардохт карда шудааст ё 2 маротибае, ки Президент маоши кормандони соҳаи тандурустиро ба андозаи 10% зиёд намудан маоши онҳо баръакс 10% кам карда шуд ё ин ки аз ҳисоби маблағҳои махсус бояд пардохт карда шаванд. Бечора коргарон дигар роҳ надоранд маҷбур кор намуда истодаанд. Бар замми ин ҳама роҳбарият (сармуҳандис ва мувинони директор) ба ҷои раҳмат ҳисси бадбини нисбати коргарон зиёд шуда истодааст. Ҳангоми пешниҳоди камбудиҳо ва шароити кори роҳбарият таҳдиди аз кор мондан, қасдгири ва фишоровари мекунанд. Агар бовар накунед биёед ба чашми худ бинед ё суҳбат кунед.
Бинобар ин аз Шумо боэҳтиром ХОҲИШ менамоем, ки ба доди мо расед ва назорат намоед ва сари роҳи ин бенизомиҳоро гиред.
Манба: https://www.facebook.com/photo.php?fbid=110656324034498&set=gm.2132861843527390&type=3&theater&ifg=1
Комментарии (0)