Боздошти милиса: корманди ВКД ба гирифтани пора муттаҳам мешавад - ожонс номашро гуфт

Ожонси мубориза бо фасод як корманди ВКД Тоҷикистонро ба гирифтани 244 ҳазор сомонӣ, наздики 24 ҳазор доллар пора муттаҳам мекунад
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди ВКД, милиса хабар дод.
Ожонс ӯро дар гирифтани 244 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам мекунад.Тавре манбаъ менависад, милисаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Амрулло Хайруллоевич бо маслиҳати пешакӣ бо Юсупов Сино Юсупҷонович ва дигарон, моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Муродова Дилноза Абдуҷалиловна даромада, аз охирин барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 га. қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев Ғ.Ҷ., маблағи 203000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуданд.
Ғайр аз ин, Мирзоев А.Х., Юсупов С.Ю. ва дигарон, бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд Гулов А.Р., ба маблағи 44000 сомонӣ ва ба Назруллоев А.М. ба миқдори 366925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Мирзоев А.Х. ва Юсупов С.Ю. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Комментарии (0)