< 54 ҳолати ҷадид: омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

54 ҳолати ҷадид: омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

54 ҳолати ҷадид: омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 54 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қапйд гирифта шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят, шифоёбӣ ва фавт аз маризии коронавирусро мунташир намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур шабонарӯзи гузашта 54 ҳолати нави гирифторшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт гардид. Ҳамзамон давоми як рӯзи дармонгоҳҳои кишварро 70 нафари шифоёфта тарк намуданд.

Хушбахтона мавориди фавт дар Тоҷикистон бетаӯйир буда, 52 қурбониро дарбар мегирад.

Манбаъ меафзояд, аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 23 июн дар кишвар 5567 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4109 нафар шифо ёфтаанд.
 
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий