< Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 17:30 дақиқаи 21 июн дар ҷумҳурӣ 5457 гирифтори COVID-19 сабт шудаанд. Рӯзи гузашта ин нишондод 5 ҳазору 399 нафарро ташкил дод

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ таъкид кардааст, ки то кунун дар мамлакат 3 ҳазору 995 нафар, ё худ 72.4% гирифторон шифо ёфтанд.

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус тайи шабонарӯзи гузашта тағйир наёфта, расман ҳамоно 52 нафарро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарузи охир 61 нафар шаҳрвандоне, ки зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Таъкид шудааст, ки ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий