< Исматуллозода гуфт кай парвозҳои самти Душанбе - Хоруғ барқарор мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Исматуллозода гуфт кай парвозҳои самти Душанбе - Хоруғ барқарор мешавад

Исматуллозода гуфт кай парвозҳои самти Душанбе - Хоруғ барқарор мешавад
Раҳбари ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода изҳор дошт, ки парвозҳои самти Хоруғ танҳо дар сурати шумораи кифояи мусофирон барқарор мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда, ки парвозҳои миёни шаҳри Душанбе ва Хоруғро барқарор кунад. Дар ин бора раҳбари ширкати "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода дар суҳбат хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки ширкати ҳавоӣ парвозҳои самти Душанбе - Хоруғро бо рӯйхати пешакӣ аз сар мегирад.

"Қарор қабул шуд, ки парвозҳо ба шаҳри Хоруғ барқарор карда шавад. Мо парвозҳои дохили кишварро барқарор мекунем", - гуфт раҳбари ширкат.

Ӯ гуфт рӯзи парвоз танҳо дар сурати зиёд шудани дархостҳо барои парвоз эълом карда мешаванд. 

"Дар сурати кам будани шумораи мусофирон парвоз аз назари иқтисод зараровар аст", - қайд кард Исматуллозода.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз 1 июл парвозҳоро ба Ӯзбекистону Амороти Муттаҳидаи Араб барқарор мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий