< БАРАНГЕХТАНИ КИНАЮ АДОВАТИ МИЛЛӢ, НАЖОДӢ, МАҲАЛГАРОӢ ВА Ё ДИНӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БАРАНГЕХТАНИ КИНАЮ АДОВАТИ МИЛЛӢ, НАЖОДӢ, МАҲАЛГАРОӢ ВА Ё ДИНӢ

БАРАНГЕХТАНИ КИНАЮ АДОВАТИ МИЛЛӢ, НАЖОДӢ, МАҲАЛГАРОӢ ВА Ё ДИНӢ

16.06.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Расулов Хуҷамурод Саидмуродович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. ҷ/д Навобод, деҳ. Комсомол, мунтазам ба муҳоҷирати меҳнати ба Ф.Руссия рафту омад дошта, охирон маротиба моҳи ноябри соли 2019 ба маҳоҷирати меҳнати ба шаҳри Санкт-Петербурги Ф.Р рафта, ҳангоми дар онҷо қарор доштанаш ба созмону ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ амалкунанда, шомил шуда, ҳамчун аъзо дар фаъолияти ин ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ пайравию дастгирӣ ва пуштибонӣ намуда, дар фаъолияти ҷинояткоронаи онҳо то ҳол иштирок намуда истодааст. Номбурда тариқи барномаи интернети дар шабакаи умуми ҷаҳони Ютуб дар сомонаи “ISLOH TV” баромад намуда, оид ба барангехтани кинаю адоват ва низои дохилимиллӣ гуфтугу намуда, мардумро барои бо роҳи зӯровари тағйир додани сохтори конститутсионӣ даъват намуда истодааст. Нисбати ш-нд, Расулов Х.С, аз тарафи прокуратураи ноҳия бо моддаҳои 189 қ-1 ва моддаи 307 қ-2 банди “г” КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

16.06.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Холматова Гулчеҳра Негматовна 1968 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. кӯч.Сино х.41 ҳ.113, ки номбурда дар давоми соли 2019 дар сомонаи интерентии «Ютуб» бо номи Холов Анвар Бегиҷонович сомонаи алоҳида кушода, дар он зиёда аз 20-адад сабтҳои гунонугро ворид кардааст. Дар мазмуну мухтавои суханронии Холматова Г.Н, таҳқири оммавии ҳукумату давлат тариқи шабакаи интеренти, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ-террористӣ (ифротгарои), инчунин барангехтани кинаю адовати милли, нажоди ва махалгарои дида мешавад. Нисбати ш-нд, Холматова Г.Н. аз тарафи прокуратураи ноҳия бо моддаҳои 189 қ.1, 307 иловаи-1 ва 137 қ.2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий