Як фавт ва 61 ҳолати нав: охирин омори коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон охирин омори гирифторони коронавирус дар кишварро нашр кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат шабонарӯзи гузашта дар кишвар 61 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, шумори умумии гирифторон сар аз эълони ин беморӣ дар кишвар то соати 18:00 дақиқаи 17 июн ба 5221 нафар мерасад.
Манбаъ мегӯяд, бо нишонаҳои ин беморӣ то ҳол 51 нафар фавтидаву 3700 (70.8%) нафар шифо ёфтаанд.
Ба иттилои вазорат, ки ҳоло дар мамлакат 310 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми як шабонарӯзи охир 76 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст", - таъкид мекунад Вазорати тандурустӣ.
Комментарии (0)