Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз маблағи харҷкардаашон алайҳи COVID - 19

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз харҷи маблағҳое, ки ба суратҳисоби махсуси вилоятии мубориза бо COVID - 19 ворид шудаанд, ҳисобот дод
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, ба суратҳисоби махсус аз тарафи шахсони саховатпеша то нимаи моҳи равон 399 ҳазору 503 сомонӣ ворид гардидааст.
Манбаъ таъкид кард, ки аз пулҳои воридшуда то 15 июн 94 ҳазору 689 сомонӣ сарф шудааст.
- - Беморхонаи ноҳияи Мурғоб - 30 ҳазор сомонӣ,
- - Шуъбаи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ барои сӯзишворӣ ва дигар эҳтиёҷотҳои зарур - 42 ҳазору 129 сомонӣ,
- - Беморхонаи Навободи ноҳияи Шуғнон - 10 ҳазор сомонӣ,
- - Шуъбаи Ёрии таъҷилӣ ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон - 10 ҳазор сомонӣ,
- - Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ харидори намудани сузишвори ба хотири безараргардонии кучаҳои шаҳри Хоруғ - 2 ҳазору 560 сомонӣ.
Комментарии (0)