< Суҳроб Қиличов- писари раиси ноҳияи Рӯдакӣ 5,6 сол ҳукми суд гирифт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Суҳроб Қиличов- писари раиси ноҳияи Рӯдакӣ 5,6 сол ҳукми суд гирифт

Суҳроб Қиличов- писари раиси ноҳияи Рӯдакӣ 5,6 сол ҳукми суд гирифт
Писари калонии раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони тиҷорати маводи мухаддир муддати 5,6 равонаи зиндон гардид.

Тавре манобеи огоҳ ба Pressa.tj хабар доданд,  ҳукми суд нисбат ба Қиличов Суҳроб Рустамович  аввали ҳафтаи равон аз ҷониби судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бароварда шуд.

Тибқи ҳукмномаи суди Ҷалолиддини Балхӣ, Қиличов ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ  маҳрум карда шуд. Гуфта мешавад, ки Суҳроб Рустамович ҳамчун мақомдори баландпоя дар вилояти Хатлон фаъолият мекардааст ва чанд моҳ пеш бо зиёда аз 5 кг маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дасгир карда шуд.

Бояд гуфт, ки Рустам Акрамзода  аз 23 ноябри соли 2018 дар мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ кор мекунад. Ӯ то ин вазифа солҳои 2004-2006 мудири шуъбаи молияи ноҳияи Бохтар, солҳои 2006-2009 муовини Раиси ноҳияи Бохтар, солҳои 2009-2010 директори шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа ва солҳои 2010-2012 сардори идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият дошт. Манобеи огоҳ мегӯянд, Суҳроб Қиличов, писари Рустам Акрамзода ҳам дар мақоми баландпояи вилояти Хатлон фаъолият дошт. Сомонаи Pressa.tj бо мақомоти суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоси телефонӣ гирифт, аммо масъулин аз шарҳи бештари маълумот нисбати қазия худдорӣ намуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий