< Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои як рӯз: 60 дарсади маризон шифо ёфтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои як рӯз: 60 дарсади маризон шифо ёфтанд

Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои як рӯз: 60 дарсади маризон шифо ёфтанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадид дар мавриди сироят, фавт ва шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд

Бар хабари Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 60 дарсади маризони COVID - 19 шифо ёфтанд.

Бино ба иттилои котиботи вазорат, то 8 июни соли равон дар мамлакат 1176 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Ҳамчунин давоми як шабонарӯз дармонгоҳҳои ҷумҳуриро 90 нафар пас аз шифо ёфтан тарк намуданд.

Қобили зикр аст, ки давоми чанд рӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз ин маризӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорат таъкид намудааст, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб дар хизмати мардум қарор доранд.

Талаби ягонаи кормандони соҳаи тиб ва Вазорати тандурустӣ аз сокинони ҷумҳурӣ ин аст, ки қоидаҳои санитариро ҳатман риоя намоянд.

Инчунин  аснои сайру гашт дар берун пӯшидани ниқоб ва дастпӯшро фаромӯш насозанд. Риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатмист.

Комментарии (0)

Оставить комментарий