< Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи никоҳу талоқ тавассути телефон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи никоҳу талоқ тавассути телефон

Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи никоҳу талоқ тавассути телефон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани спирт барои пешгирӣ аз бемории коронавирус, посух гуфтааст

Алӣ як корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар суол кардааст, ки бо телефон никоҳ дуруст мешавад ё на ва пас аз ин никоҳ агар талоқ диҳад, талоқ ҳисоб мешавад?

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест.

Ба таъкиди ин ниҳоди динии кишвар, дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд.

Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, талоқ додан пас аз чунин никоҳ низ эътибор надорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий