< Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд
Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки бо табобати ғайримаъмули “вируси корона” маъруф шуда буд, аз вазифа барканор шудааст

 Мавсуф дар таъйиди ин хабар гуфт, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий