< Бозгашти шаҳрвандон идома дорад: 188 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргардонида шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бозгашти шаҳрвандон идома дорад: 188 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргардонида шуд

Бозгашти шаҳрвандон идома дорад: 188 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргардонида шуд
Мақомоти Тоҷикистон элон доштанд, ки бо як ҳавопаймои махсус, ки бояд санаи 31 май аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе парвоз кунад, шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон, ки дар он кишвар дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шаванд

 Санаи 29 май ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо 188 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 188 шаҳрванди ҷумҳуриро аз Дубай ба Ватан расонд.

Гуфта шудааст,  ки ин иқдом дар партави дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

“188 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Дубай ба Душанбе баргардонида шуданд”, - қайд кард ВУХ кишвар.

Ҳамзамон ВУХ Тоҷикистон таъкид доштааст, ки санаи 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон тавассути парвози чартерии “Флай Дубай” ба Ватан низ баргардонида хоҳанд шуд. 

Қобили зикр аст, ки санаи 27 май кӯмаки башардӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “ал-Иттиҳод” иборат аз лавозимоти тиббӣ барои мубориза бо бемории Ковид-19 ба Душанбе расид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий