< Афғонистон барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш шарт гузошт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Афғонистон барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш шарт гузошт

Афғонистон барои интиқоли бор аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламраваш шарт гузошт
Афғонистон омодагии худро барои интиқоли бор тавассути қаламраваш аз Эрон ба Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо пас аз кушодани марзҳо байни Эрон ва Туркманистон эълом кард

Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи Идораи гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRICA) гуфт, кишвараш аз 1 июн сарҳадҳоро бо Туркманистон боз мекунад.

Гуфта мешавад ин танҳо дар ҳоле имконпазир мегардад, ки чораҳои зиддиэпидемиологӣ пурра риоя карда мешаванд.

Мақомоти Афғонистон гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик, Афғонистон омода аст, ки роҳи транзити Эронро тавассути кишвараш ба Тоҷикистон ва Узбакистон кушояд, аммо дар баробари ин шарт гузоштааст, ки Эрон сарҳади Туркманистонро боз кунад.

Вай инчунин гуфт, ки ҳоло дар як рӯз тақрибан 100 мошини боркаш метавонад аз марз бо Покистонро убур кунад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрел Туркманистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ гардид, ки ба пандемия ба он нарасидааст.

Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон ҳамаи парвозҳои байналмилалиро бо сабаби коронавирус то 20 июн тамдид карда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий