Дар Бадахшон рувуои мардум байни ноҳияҳо маҳдуд шуд

Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) тасмим гирифтааст рафту омади шаҳрвандон аз дигар минтақаҳои кишвар ба ин вилоят ва ҳамин тавр, аз ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғро маҳдуд кунад
Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон имрӯз дар суҳбат гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.
Вай афзуд, ки маҳдудият ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.
Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.
“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт ниятбеков.
Вай ҳамчунин илова кард, ки мақомоти ВМКБ ин паёмро ба тамоми мардуми Бадахшон, ки дар ҳар гушаву канори ҷумҳурӣ ба хусус дар пойтахт зиндагӣ мекунанд расонидааст.
Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ 3100 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуданд.
Комментарии (0)