"Бо дуо бошед": муфтии Тоҷикистон дар бораи гирифториаш ба COVID-19

Вазъи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода беҳбуд ёфта, иҷозаи ба берун баромаданро пайдо кардааст.
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар як тамоси телефонӣ ва суҳбати кӯтоҳ вазъи худро хуб арзёбӣ карда, афзуд, дардаш сабук шуда, пизишкон иҷоза додаанд, ки барои ҳавохӯрӣ ба берун барояд.
“Аз онҳое, ки ба саломати банда таваҷҷӯҳ кардаанд, изҳори миннатдорӣ мекунам. Мардуми шарифи Тоҷикистон мутаваҷҷеҳи саломатии худ ва ҳамеша барои маризон ба дуо бошанд. Иншоаллоҳ, ин рӯзҳо мегузарад”, - гуфт муфтии Тоҷикистон.
“Он кас дар манзили худ табобат мегиранд. Ҳамин субҳ пизишкон ба муоинаи он кас омада, вазъашонро муътадил арзёбӣ карданд ва иҷоза доданд, ки аз бистар хеста, ҳаракат кунанд”, - гуфт яке аз наздикони ӯ.
Ба қавли наздикон, Саидмукаррам Абдуқодирзода як ҳафта қабл аз иди Рамазон бистарӣ шуда, имкони ширкат дар ҷаласаҳои қабл аз иди Шӯрои уламоро надошт ва азбаски маризиаш шадид набуд, пизишкон маслиҳат доданд, ки дар хона табобат шавад.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи 17 май писарамаки муфтӣ Эшони Сайидвалӣ, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард ва маризии қанд дошт, вафот карда буд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода аз моҳи октябри соли 2010 раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст.
Комментарии (0)