< Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 24 тонна маводи доруворӣ фиристод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 24 тонна маводи доруворӣ фиристод

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 24 тонна маводи доруворӣ фиристод
24 тонна маводи доруворӣ аллакай аз Ӯзбекистон фиристода шуд ва ба Раёсати тандурустии Тоҷикистон дастрас гардид

 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона равон кард, хабар медиҳад ожонсии Тоҷик.ТА.

Қайд мешавад, ки кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон 24 тонаа маводи доруворӣ фиристод.

Ин кумак аслан аз маводҳои доруворӣ аз ҷумла интибиотикҳо иборат аст.

"Кумаке, ки аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид аллакай дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гузошта шуд", - омадааст дар хабарнома.

Пештар, Ӯзбекистон барои сохтани беморхонаи сайёр дар Душанбе, ба кишвар 120 контейнер кумак карда буд.

Ин табобатхона аллакай дар ҳудуди майдони "Бофанда" сохта шуда, ба қабули мазирони коронавирус омода аст.

Ҳамчунин рӯзи 8 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳашт пизишк омаданд, ки барои ҳамтоёни тоҷики худ аз таҷрибаи андӯхтаи худ дар самти мубориза бар зидди коронавирус, нақл карданд.

Дар навбати худ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарардидагони офати таббиӣ ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 51 қатораи масолеҳи сохтмонӣ кӯмак фиристод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий