< Бобои Файз муаллифи таронаи машҳури "Очата бугу" даргузашт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бобои Файз муаллифи таронаи машҳури "Очата бугу" даргузашт

Бобои Файз муаллифи таронаи машҳури "Очата бугу" даргузашт
Файзӣ Сулаймон, мӯйсафеди, ки  бо сароидани таронаҳои мардумӣ миёни омма бо номи Бобои Файз машҳур аст, даргузаштаас

 Дар ин бора яке аз наздикони марҳум гуфт, сарояндаи шинохта субҳи имрӯз дар синни 82 солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, Бобои Файз пас аз чанде беморӣ аз сактаи қалб даргузашт.

Мабаъ мегӯяд, ъҷанози овозхон пас аз зуҳри имрӯз дар Себистони ноҳияи Данғара баргузор мешавад. 

Номи Бобои Файз замоне вирди забонҳо гашт, ки тароинаи мардумии ӯ таҳти унвона "Очата бугу" нашр гашт.

Бобои Файз ҳатто бо сароидани ин тарона дар наврӯзии соли 2013 президент Эмомалӣ Раҳмонро мафтун карда буд ва ӯ хостори таҳияи барнома дар телевизион бо иштироки ин ҳунармандро кард.

Ӯ дар як суҳбаташ қад кард, ки қаблан низ ба овозхонӣ мушғул буд, аммо таронам "Очата бугу" ӯро бисёртар миёни мардум шинохта кард.
Файзӣ Сулаймон, бо тахаллуси Бобои Файз соли 1938 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба Дунё омадааст.

Ин дуввумин сарояндаи тоҷик аст, ки давоми шабонарӯзи ахир даргузашт.

Рӯзи гузашта 24-уми май низ, Ҷӯрабек Назрӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 74-солагӣ даргузашт

Ҷӯрабек Назрӣ чанд рӯзи ахир дар шифохонаи "Истиқлол"-и Душанбе табобат мегирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий