Мунира Ҳакимова наттоқи шинохтаи кишвар даргузашт

Мунира Ҳакимова яке аз ровиён ва наттоқони хушсадо ва шинохтаи кишвар шаби гузашта аз дунё даргузаштааст
Дар ин бора яке аз наздикони наттоқи шинохтаи кишвар иттилоъ дода гуфт, ӯ шаби гузашта аз олам даргузашт.
Номбурда дар мавриди аз чи беморӣ фавтидани наттоқи шанохтаро шарҳ надод
Мунира Ҳакимова, қаблан дар вазифаи директори Кохи Ҷомӣ, раҳбарии идораи тиҷорат ва рекламаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонр ва чанд вазифаҳи дигар кор кардааст.
Марҳум аз наттоқони шинохтаи кишвар буд, ки қариб тамоми барномаҳои бузурги фарҳангӣ дар кишвар бо ҳузури ӯ доир мегашт.

Мунира Ҳакимова ҳамчун журналист ва наттоқ дар радиои Тоҷикистон ва шабакаи аввали Тоҷикистон кор карда, бо овози хубаш миёни мардум маъруф аст. Давлат Сафар ҳам аз журналистони ботаҷрибаи телевизион ба ҳисоб меравад ва гуфта мешавад, ки дубора ба барномаҳои нав дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҷалб мегардад.
Комментарии (0)