Фавти се нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз
Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумоти нав дар мавриди гирифторон, шифоёфтагшон ва қурбониёни вируси COVID - 19 - ро мунташир намуд
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бар асари маризии сироятии коронавирус се нафар ҷон бохтанд, хабар медиҳад котиботи вазорат.
Ҳамин тариқ бо илова шудани се қурбонии дигар, сафи ҷон бохтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 44 нафар расид. Бояд гуфт, ки як рӯз қабл, санаи 20 - уми май дар Тоҷикистон ягон мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз аз вируси COVID - 19, 470 мариз шифо ёфтанд. Имрӯз бошад сафи шифоёфтагон аз 470 ҳолат ба 611 нафар афзоиш ёфт.
Ба тавзеҳи Вазорати тандурустии кишвар, ба ҳолати 21 - уми май дар ҷумҳурӣ 2350 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки аз ин миён аллакай 1008 нафар комилан сиҳат шуда, аз бемористонҳо мураххас шуданд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳолати сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар Тоҷикистон 30 - уми апрел ба қайд гирифта шуд.
Комментарии (0)