< Рӯзи Иди Рамазон дар Тоҷикистон эълом шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рӯзи Иди Рамазон дар Тоҷикистон эълом шуд

Рӯзи Иди Рамазон дар Тоҷикистон эълом шуд
Иди Рамазонро имсол дар Тоҷикистон рӯзи 24 май таҷлил мекунанд. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз дар рафти як маҷлис қарор баровард

Рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Тоҷикистон эълон карданд.

Сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҶТ Афшин Муқим ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Тоҷикистонро рӯзи 24 май муқаррар кард.

Иди Рамазон яке аз ҷашнҳои марказии мардуми мусалмон ба шумор меравад. Тибқи тақвими мусалмонӣ рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд.

Рӯзҳои Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои Уламои кишвар анҷом медиҳад.

Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз рӯзи 24 апрел оғоз шуд. Дар давоми ин моҳи муборак мусалмонон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану ошомидан худдорӣ мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий