< ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 ба 1936 нафар расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 ба 1936 нафар расид

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 ба 1936 нафар расид
То соати 17:30 дақиқаи 19 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 207 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Бино ба итилои манбаъ, то ин дам 1936  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.Тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

То 19 майи соли равон дар мамлакат  3781 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 641  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий