< Даргузашти мудири 46 - солаи мактаби миёна дар ноҳияи Рӯдакӣ аз коронавирус » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даргузашти мудири 46 - солаи мактаби миёна дар ноҳияи Рӯдакӣ аз коронавирус

Даргузашти мудири 46 - солаи мактаби миёна дар ноҳияи Рӯдакӣ аз коронавирус
Мудири 46 - солаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 дар ноҳияи Рӯдакӣ аз маризии сироятии коронавирус даргузашт

Нодира Одинаева, мудири мактаби рақами 58-и ноҳияи Рӯдакӣ аз бемории сироятии коронавирус ба ҳалокат расидаст. Хабари марги ӯро Мавҷуда Ҳасанова ном корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр намудааст.

Ба навиштаи Ҳасанова, марҳум аз ҷумлаи омӯзгорони муваффақ буда, қаблан дар вазифаи директори гимназияи рақами 72 - и шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Зимнан, чанд муддат вазифаи муовини мудири гимназияи рақами 74 дар шаҳри Душанберо низ иҷро мекард.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати беҳдошти Тоҷикистон теъдоди умумии дардмандони коронавирус дар ҷумҳуриро ба 1936 нафар арзёбӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон феълан аз ин маризӣ 41 бемор ба ҳалокат расиданд. 

Мавориди нахустини зуҳури ин беморӣ дар Тоҷикистон 30 - юми апрел ошкор гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий