7 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Ӯзбекистон: cе мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

Дар Ӯзбекистон ба ҳолати 15 - уми май теъдоди умумии дардмандони коронавирус ба 2652 нафар баробар шудааст
Ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон омори гирифторони ҷадид ба маризии коронавирусро мунташир намуд.
Ба иттилои ситод, шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон ҳамагӣ 7 ҳолати нави мубталошавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин миён се тан аз беморон шаҳрвандоне мебошанд, ки тоза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Ӯзбекистон шудаанд.Боқимонда чаҳор ҳолати дигар аз миёни нафароне, ки дар муассисаҳои табобатӣ таҳти қарантин фаро гирифта буданд, ошкор гардид.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки як рӯз қабл шумораи ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба 33 маврид баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон то 1 - уми июн дар робита ба паҳншавии вируси COVID-19 реҷаи қарантинро тамдид кард, вале барои шаҳрвандон баъзе имтиёзҳоро ҷорӣ намуд.
Ҳамин тавр, аз 15 май кори боғҳои фароғатӣ, осорхонаҳо ва майдонҳои варзишӣ дубора аз сар гирифта мешавад.
Зимнан, сар аз 18 - уми май Ӯзбекистон робитаҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳанро дар дохили кишвар низ қисман барқарор мекунад.
Комментарии (0)