< Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо
Кумак аз қабили доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ иборат мебошад

 Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард, хабар медиҳад дастгоҳи раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки ин кумак барои табибон ва беморони шаҳри Хоруғ пешбинӣ шудааст.

Кумак аз 4 тонна орд, ду тонна биринҷ, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ, доруворӣ, либосҳои фардии мқҳофизатӣ барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ иборат будааст.

Фарид Музаффаров раиси шӯъбаи тандурустии ВМКБ қайд кардааст, ки чунин кумак ба табибон даст медиҳад, то барои саломатии мардум ба хубӣ мубориза баранд.

Ёдрас мешавем, ки пештар раиси вилоят Ёдгор Файзов ва зердастонаш музди якмоҳаи худро барои мубориза бо COVID - 19 ҳазина карданд.

То 13 май дар Тоҷикистон 72 ҳолати нави сироятёбӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии дардмандони ба 801 нафар баробар шуд.

Теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус бетағйир боқӣ монда, 23 нафарро ташкил медиҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий