< Эстафетаи Пирӯзӣ ба Тоҷикистон расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эстафетаи Пирӯзӣ ба Тоҷикистон расид

Эстафетаи Пирӯзӣ ба Тоҷикистон расид
Аксияи байналмилалии "Эстафетаи Пирӯзӣ" аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ба ҳамтоёни тоҷикашон супорида шуд

Эстафетаи Пирӯзиро ба Тоҷикистон низомиён аз Қирғизистон супориданд, хабар медиҳал Sputnik  Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии ҶҚ.

Маросими супоридани нишони эстафета -ҷоми он дар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон "Бордобо-автодорожный" баргузор шудааст.

Аксияи "Эстафетаи Пирӯзӣ" - аксияи бузурги байналмилалист, ки кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид мекунад.

Нишони он қариб 60 ҳазор километрро тай намуда, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро убур мекунад.

Аксия 28 май дар назди қабри Сарбози номаълум дар Маскав ба анҷом мерасад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий