< Маоши муовини раиси шаҳри Исфара ошкор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маоши муовини раиси шаҳри Исфара ошкор шуд

Маоши муовини раиси шаҳри Исфара ошкор шуд
Муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода маоши якмоҳаи вазифавиашро, ки 2800 сомониро ташкил медодааст барои кумак бар мубориза бо коронавирус таҳвил додааст

 Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара, муовини раиси шаҳри Исфара, Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода барои дастгирии пизишкони Тоҷикистон ва муборизаи онҳо бо Ковид-19 як маоши худро ба суратҳисоби махсус, ки дар вазорати молияи кишвар кушода шудааст таҳвил додааст.

“Ӯ маоши вазифавии якмоҳаи худро, ки 2800 сомониро ташкил медиҳад, ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид”, - таъкид ддоштааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки Мадина Бобоиён ба ин васила хост, ки саҳми хоксоронаи худро дар таъмини амну осоиш ва сиҳативу офияти мардуми тоҷик гузорад.

Манбаъ қайд кардааст, ин ташаббуси аз тарафи Шӯрои занони шаҳри Исфара ҷонибдорӣ шудааст ва бонувони фаъоли Исфара мубориза алайҳи коронавирусро кори дастҷамъона меҳисобанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий