< Иҷрокунандаи вазифаи сардухтур дар Хуҷанд: 10 бемор шифо ёфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иҷрокунандаи вазифаи сардухтур дар Хуҷанд: 10 бемор шифо ёфт

Иҷрокунандаи вазифаи сардухтур дар Хуҷанд: 10 бемор шифо ёфт
Мақомоти Суғд аз шифоёбии бемороне, ки аз илтиҳоби шуш ранҷ мебурданд, хабар дода, таъкид карданд, ки шифоёфтагон ба хонаҳо мураххас шуданд

Имрӯз дар беморхонаҳои вилоят бемороне, ки аз илтиҳоби шуш ранҷ мебаранд кам нестанд, изҳор доштааст дафтари матбуоти раиси Суғд.

Манбаъ аз қавли иҷрокунандаи вазифаи сардухтури беморхонаи сироятии Хуҷанд, Рустам Бӯрибоев афзуд, ки ба беморхонаи мазкур 94 сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят бо бемории илтиҳоби шуш муроҷиат намуданд. 

"Беморон дар ҳуҷраҳои хубу муҷаҳҳаз бо шароитҳои зарурӣ табобат гирифта истодаанд. Ҳолати ин нафарон низ хуб арзёбӣ мегардад", - изҳор доштаст сардухтур.

Котиботи раиси Суғд таъкид намудаст, ки бо кумак ва талошҳои шабонарӯзии табибони соҳибтаҷриба ин беморон шифо ёфта истодаанд.

"Аз ҷумла санаи 6 – уми майи соли равон 10 нафар бемори шифоёфтае, ки тӯли ду ҳафта дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз бемории илтиҳоби шуш (пневмания) табобат мегирифтанд сиҳат шуда ба хонаашон баргаштанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ин нафарон асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий