Рустами Эмомалӣ раҳбарони ду беморхонаи калонтарин пойтахтро таъйин кард

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт раҳбарони ду беморхонаи калонтарини пойтахт “Истиқлол” ва “Якум советскиро” таъйин намудааст
Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ бо дастури Рустами Эмрмалӣ, Рустам Хуршедзода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” озод гардида, ба мансаби директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” таъйин гардид.
Ба иттилои манбаъ ҳамчунин Рустами Эмоvалӣ Фаррух Маҳмадзодаро аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” маърум бо “Якум Советский” таъйин кардааст.
Комментарии (0)