Кумаки Бунёди Оқохон барои мубориза бо COVID - 19 дар Тоҷикистон - аксҳо

Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID -19 кумаки тибӣ ироа кард
Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси навъи COVID - 19 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз тарафи Бунёди Оқохон оид ба макони зист, 680 адад либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони тибби вилоят кумак шуд, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.
Гуфта мешавад, маблағи умумии ин кумак 10 ҳазор доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуда, ки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Ёдгор Файзов ҷиҳати кӯмаки саривақтӣ намудан барои кормандони соҳаи тибби вилоят ба масъулини Бунёди Оқохон оид ба макони зист, изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Ёдрас мешавем, ки то 4 майи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид.
Ҳамзамон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст.
Комментарии (0)