ШОҲРУХ САИДЗОДА – САРДОРИ РАЁСАТИ КОФТУКОВИ ҶИНОИИ ВКД ДАР БЕМОРХОНАИ “ИСТИҚЛОЛ” БИСТАРӢ КАРДА ШУД

Рӯзи 30 апрел подполковник Шоҳрух Саидзода, президенти дастаи футболи "Истиқлол” ва сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон дар беморхонаи "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ карда шуд. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, Шоҳрух Саидзодаро бо аломатҳои илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ кардаанд, вале тибқи муқаррарот, ҳамаи чунин беморон аз ташхиси коронавирус низ хоҳанд гузашт.
Шоҳрух Саидзода яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба ҳисоб меравад. Ӯ писари Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов) аст, ки солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои роҳбари Агентии мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30 дар ниҳоят эътироф карданд, ки дар кишвар 15 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст – 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат – дар Душанбе. То кунун мақомоти вазорати тандурустӣ бистарӣ шудани садҳо нафар дар беморхонаҳо ва марги беш аз 50 нафар дар моҳи апрелро ба авҷи мавсимии пневмония рабт медоданд.
Саидзода Шоҳрух- подполковники милитсия, таваллудаш 30-уми августи соли 1986, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ. Айни замон дар факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил намуда истодааст. Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: аз соли 2012.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 19 апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Саидзода Шоҳрух барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.
Аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Комментарии (0)