ПАДАРУ МОДАР КӮДАКИ СЕСОЛАИ ХУДРО 3 000 ДОЛЛАР НАРХ КАРДАНД... (ВИДЕО)

Муҷрии барномаи "Ахбори ВКД” зимни муаррифии ин хабар гуфт, "ҷинояти навбатие, ки ҳоло дар борааш сухан меравад, натанҳо кормандони милисаро ба ташвиш гузоштааст, балки кулли ҷомиаи шаҳрвандиро низ бетараф набояд гузорад.Ин ҷиноят дуздии ашё ё ғорати мол нест, балки кӯшиши фурӯхтани кӯдаки хурдсол аст, ки аз ҷониби модару падар ва ҳаммаслакони онҳо содир шудааст...”
Муаллифи гузориш фарзандро қиматтарин ва ширинтарин неъмате меномад, ки Худованд насиби инсон мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳастанд нафароне, ки як умр дар ҳасрату ба як нохуни фарзанд зоранд, вале ҳастанд волидайне ҳам, ки ба қадри ин неъмат намерасанд.
Кормандони раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон дар ҷараёни коркарди маълумоти оперативӣ аз як кӯшиши ба ивази 3 ҳазор доллар фурӯхтани як духтарчаи сесола пешгирӣ кардаанд. Даҳшат дар ин аст, ки дар ин муомилаи ба сари худ ваҳшатовар нақши фурӯшандаро ... худи падару модари ин кӯдаки маъсум бозӣ мекарданд.
Шаҳрвандон Абдуллоева Сафина, с.т. 1998, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамзисти ӯ Даминов Тоҷиддин, с.т. 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва писарамаки Даминов – Сафаров Абдулҳамид, с.т. 1979, бо иттиҳоми даст доштан дар ҷинояти харидуфурӯши кӯдак дастгир шудаанд.
"Абдуллоева Сафина ва ҳамзисташ Даминов Тоҷиддин бо мақсади ба даст овардани маблағ қасди фурӯши фарзанди сесолаи худро карда, бо кумаки Сафаров Абдулҳамид ниҳоят харидори шартиеро, ки бо кормандони милиса дар робита буд, пайдо карданд. Дар натиҷа гумонбарон бо харидори шартӣ духтарчаи хурдсолро 2500 доллари Амрико нархгузорӣ карданд, вале ҳангоми додугирифт боздошт шуданд”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки кӯдак низ ҳангоми ин "савдо” ҳузур дорад ва бехабар аст аз онки ӯро ҳамчун мол харидуфурӯш доранд. Калонсолҳо ҳангоми ин "бизнеси калон”-ро гапзанон кардан, як шишаи "Спрайт” ба дасти кӯдак додаанд, ки хап шинад бозӣ карда...
Сафина Абдуллоева, ки дар ин гузориштафсилоти ҳодисаро чунин қисса кард, чунин ба назар мерасад, ки бештар аз он озурда аст, ки миёнарав мехост беш аз нисфи пулро худаш бигирад: "Шавҳарам омад, гуфт, ки ҳамин 1200 доллар нарх кардаанд кӯдакро. Бачаи амакиам одам ёфтагӣ аст қатӣ занаш. Баъд фаҳмидам, ки нарх 2500 доллар будааст, моро фанд кардаанд...”
Сафаров Абдулҳамид, ки дар ин муомила ҳамчун миёнарав фаъолият дошт, дар бораи ин ҳодиса чунин суҳбат мекунад, ки гӯё на як фарзанди инсон, балки кадом мол ё матоеро савдо карда бошанд: "Ягон 5-6 моҳ пеш писари амакам Тоҷиддин гуфт, ки духтарчаро мефурӯшем, ягон кас нест, бигирад? Оилаи ман Ҷамила дар бозор кор мекард, як рӯз занг зад, ки Тоҷиддин мефурӯшад кӯдакашро? Як зани хуб баромадааст, ки кӯдак намеёфтааст, мегирад кӯдакашро. 3 ҳазор доллар маслиҳат кардем, гуфт, 2500 долларашро ҳоло медиҳад, 500 доллари дигарашро – моҳи май. Баровард, ба Тоҷиддин 1500 доллар бароварда дод. Тоҷиддин ҳисоб кард-ҳисоб карду гирифт пулро ва 100 доллар ба ман доду 100 доллар – ба Ҷамила. Вале як 10 метр ҳай карда будем, ки қапиданд моро...”
Ҳарсе гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 167-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун аз 5 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Моддаи 167. Савдои кӯдакон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., №1554)
Ҳама гуна амал ё ахде, ки ба воситаи онҳо кӯдак гайриконунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунӣ ё дигар шахсе (гурӯҳи шахсоне), ки кӯдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай(онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) бар ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ӯ ва ё ба даст овардани фоидаи модцӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхондии гайриқонунии кӯдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад,(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., №1554)-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо ҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
- Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ(ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) нисбати ду ё зиёда ноболиғ;
г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., №1554);
д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои бадан бароипайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., №1554);
е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифаҳои хизматӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;
ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
- Кирдорҳое, ки дар қисмҳоиякумёдуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., №1554):
б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ солҷазо дода мешавад(ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
Эзоҳ:Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаиқисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба макомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои кӯдаконро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., №1554).
Комментарии (0)