< СУТ ҳам гирифтор шудани сокинони Тоҷикистонро ба коронавирус тасдиқ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СУТ ҳам гирифтор шудани сокинони Тоҷикистонро ба коронавирус тасдиқ кард

СУТ ҳам гирифтор шудани сокинони Тоҷикистонро ба коронавирус тасдиқ кард
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бурузи коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Пештар дар кишвар мубтало шудани 15 нафарро ба ин маризӣ эълон карда буданд

 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бурузи коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард, хабар доданд аз дафтари минтақавии Аврупо.

"СУТ хабари расмии мавриди сироятёбӣ ба COVID-19-ро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Феълан, бо Вазорати тандурустии ин кишвар дар робита ҳастем, то маълумоти бештар ба даст орем", - омадааст дар иттилоия.

Маълумоти иловагие, ки чигуна коронавирус вориди Тоҷикистон гашт, нест.

Ёдрас мешавем, аз 15 мавриди тасдиқи коронавирус дар Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID-19 хабар доданд.

Феълан, 2 ҳазор нафари дигар зери назорати табибон қарор доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий