< Нашри "Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019" аз ҷониби олимони Чин дар Суғд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нашри "Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019" аз ҷониби олимони Чин дар Суғд

Нашри "Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019" аз ҷониби олимони Чин дар Суғд
Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва сармохӯрдагӣ ба тафсил шарҳ дода шудааст, ки барои хонандагон ва донишомӯзон роҳнамои хубе хоҳад буд

Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин макон дастури машваратие таҳти унвони “Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019” бо забони русӣ ба нашр расид.

Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва сармохӯрдагӣ ба тафсил шарҳ дода шудааст, ки барои хонандагон ва донишомӯзон роҳнамои хубе хоҳад буд. 
Ба иттилои манбаъ, тартибдиҳандагони ин дастури ҳимоявӣ ё роҳнамо барои пешгирӣ аз коронавируси нав Сун Даман-профессори Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи нафти Чин ( Хуадун) ва Жен Гентян –директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мебошанд.

Гуфта мешавад, дастури мазкур зери таҳрири профессори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Зафар Розиқов ба нашр омода гардидааст.

Профессор Зафар Розиқов гуфтааст, “дигар замоне фаро расидааст дар канори ҳамдигар бошем ва вазъияти баамаломадаро пешгирӣ намоем. Зеро коронавирус ё пандемияи (КОВИД-2019) ҳоло ҷаҳонро ба вазъияти буҳронӣ овардааст ва ҳар яки мо бояд барои пешгирӣ аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигирем…”.

Феълан дастури мазкур ба донишҷӯён ва доираи васеи  омӯзгорон тақдим гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий