< Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон коҳиш ёфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон коҳиш ёфт
Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон се моҳи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст

Ожонси омори Тоҷикистон ахиран омореро нашр кардааст, ки тибқи он, ба ҷумҳурӣ дар 3 моҳи аввали соли равон аз чиҳилу ду кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона ба арзиши 4 миллион доллар ворид гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чаҳору ним баробар камтар будааст.

Дар моҳҳои январ то марти соли қабл Тоҷикистон беш аз 18,5 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт карда буд.

Тибқи омори мазкур, кумакҳои башардӯстонае, ки дар 3 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ворид шудаанд, маҳсулоти ғизоӣ, дору ва таҷҳизот мебошанд.

Дар садри кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон  Чин, Русия, Ҳинд ва Қазоқистон қарор доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий