"IRS" дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдудияти 12-соатӣ ҷорӣ мекунад

"IRS" баъзе аз қитъаҳои вайроншудаи роҳи Душанбе-Чаноқро аз таъмири кулл мегузаронад ва дар роҳҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунад
Баробари гарм шудани ҳарорати ҳаво ва аз 25 дараҷа баланд гардидани он дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешавад.
Аз 1 май то 31 августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз соати 10:00 то 20:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешавад.
Ин маҳдудият бавоситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда назиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ "Ховар" сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.
Ҳамзамон дар ин муддат таъмири куллӣ ва ҷории роҳ амалӣ мешавад.
Комментарии (0)