< Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвараш кай камтар мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвараш кай камтар мешавад

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвараш кай камтар мешавад
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон мегуяд, сирояти бештар ба коронавирус дар ин кишвар то охирҳои моҳи апрел хоҳад буд

Соронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи чоршанбе дар парлумони  кишвараш бо ишора ба зарурати тамдиди қарантинаи умумӣ изҳор дошт, ки авҷи коронавирус дар Қирғизистон то охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ аст, иттилоъ додааст родиои Садои Хуросон.

Вай гуфт, ҳамонанди дигар давлатҳои ҷаҳон ин кишвар дар ҳоли ҳозир рӯзҳои сахтеро тай мекунад.

Бар асоси гузориши рӯзи чоршанбе, ситоди пешгирӣ аз густариши коронавирус дар Қирғизистон, 449 мавриди Карона дар ин кишвар сабт шудааст.

78 шаҳрванди Қирғизистон беҳбуд ёфтанд ва 5 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қазоқистон эълон кардааст, ки бо ҳадафи пешгири аз густариши вирус , рафту омади мусофир ва комюн аз тариқи хоки ин кишвар дар масири Тоҷикистон ва Туркманистонро мамнуъ кардааст.

Тоҷикистон ҳам чанде пеш аз маҳдудияти муваққати вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бетобеият аз гузаргоҳҳои марзии ин кишвар хабар дода буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий