Аз собиқаи корӣ то маълумоти даромад: шартҳои ишғоли ҳашт мансаби холӣ дар Хуҷанд

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, барои ишғоли ҳашт мансаби холии давлатӣ озмун элон кардааст. Музди меҳнатро мақомот аз 660 то 1085 сомонӣ муайян кардааст
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд қароре ба тавсиб расонидааст, ки довталабон метавонанд, барои ишғоли ҳашт мансаби холии давлатӣ дар озмун иштирок кунанд.
Сомонаи ҳукумати Хуҷанд, эълони мансабҳои холимондаро нашр намудааст, ки аз ҷумлаи мудири бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сармутахассис – котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, будаанд.
Собиқаи корӣ, пешниҳоди маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк, маълумот дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси мувофиқ ба мансаби ишғолшаванда аз талаботҳои асосии иштирок дар озмуни мансабҳои холимонда аст, ки дар эълон гуфта шудааст.
Барои онҳое, ки аз озмун бомуваффақият мегузаранд ва чунин мансабҳои маъмурии давлатиро ишғол менамоянд аз 660 то 1085 сомонӣ маоши вазифавӣ муқарар карда шудааст.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок Озмуни ишғоли мансабҳои холии давлатӣ дар Хуҷанд қарор аст, дар оғози моҳи май, баъди ба итмом расидани муҳлати қабули ҳуҷҷати иштирокчиён, ки то 21 рӯз идома мекунад, баргузор гардад.
Комментарии (0)