< Шарҳи додситонии Олмон нисбати боздошти 5 шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми терроризм » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шарҳи додситонии Олмон нисбати боздошти 5 шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми терроризм

Шарҳи додситонии Олмон нисбати боздошти 5 шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми терроризм

Додситонии федералии Олмон дар як шарҳи расмӣ бархе ҷузъиёти парвандаи терроризм ба зидди 5 зодаи Тоҷикистонро, ки як нафараш ҳанӯз як сол қабл ва 4 тани дигар субҳи 15 апрел дастгир шуданд, нашр кардааст.


Бино ба гузориши додситонии Олмон, Равшан Б., Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. соли 2019 ба созмони террористии ДИИШ пайваста, барои он тавассути агентҳо дар Туркия пул ҷамъ карда, мефиристоданд, аз ду намояндаи ДИИШ дар Сурия ва Афғонистон дастур мегирифтанд, аввал қасд доштанд, ки ба Тоҷикистон рафта, ба зидди ҳукумати он кишвар «ҷиҳод» кунанд, вале баъдан аз ин қасди аввали худ гашта, дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Олмон шуданд.

Бино ба фарзияи додситонӣ, аъзои ин шуъбаи ДИИШ барои анҷоми ин ҳамлаҳо маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳҳои нирӯҳои ҳавоии артиши Амрикоро пайгирӣ мекарданд ва Суннатуллоҳ К. нафареро таъқиб мекард, ки аъзои ин гуруҳ нақша доштанд, ки ӯро барои суханрониҳояш ба зидди Ислом бикушанд. Додситонии Олмон ҳамчунин хабар дод, ки Равшан Б. ва Фарҳодшоҳ К. бо мақсади ҷамъ овардани пули бештар барои ДИИШ ҳатто барои куштани як нафар дар Албания дар ивази 40 ҳазор доллар фармоиш гирифтанд ва ба Албания рафтанд, вале ин фармоишро иҷро карда натавонистанд ва ба Олмон баргаштанд.

Додситонии федералӣ дар асоси дастуре, ки Додгоҳи олии федералӣ рӯзи 9 апрели соли 2020 содир кард, субҳи 15 апрел дастури ҳабс дод.

Шаҳрванди Тоҷикистон Азизҷон Б.,
шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Г.,
шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳодшоҳ К. ва
шаҳрванди Тоҷикистон Сунатуллоҳ К.
аз ҷониби мақомоти вижаи устони Рейни шимолӣ-Вестфалия ва кормандони пулиси Дюсселдорф дар шаҳрҳои Вердол (ҳавзаи Маркишер), Зиген ва Ҳайнсберг дастгир карда шуданд. Манзилҳои онҳо ва ҳамчунин 6 бинои дигар дар Рейни шимолӣ-Вестфалия мавриди кофтуков қарор дода шуданд. Ба ҷуз аз пулиси Дюсселдорф, раёсати пулиси ҷиноии федералӣ низ ҷиҳати анҷоми таҳқиқоти иловагӣ ҷалб шудааст.
Боздошти ин 4 нафар бар иловаи боз як нафар – шаҳрванди Тоҷикистон Равшан Б. аст, ки аз 15 марти соли 2019 дар боздошт қарор дорад.

Гумонҳои ҷиддие вуҷуд доранд, ки сухан дар бораи ташкили шуъбаи террористӣ дар Олмон ба унвони аъзои созмони террористии ДИИШ меравад. (моддаҳои 129a (1) № 1 ва 129b (1)-и Кодекси ҷиноятӣ) Додситонии федералӣ рӯзи 9 апрели соли 2020 аз додраси Додгоҳи олии федералӣ ҳамчунин ҳукми ҳабси Равшан Б.-ро ба даст овардааст.

Дар ин ҳукмҳои ҳабси айбдоршаванда нисбат ба онҳо чунин иттиҳомот эълон шудааст:

Айбдоршавандаҳо моҳи январи соли 2019 ба узвияти ДИИШ пайвастааст. Аз номи ин созмон онҳо муштаракан ба ном шуъбаашро дар Олмон ташкил доданд. Дар аввал онҳо нақша доштанд, ки ба Тоҷикистон бираванд ва дар «ҷиҳод»-и мусаллаҳона ба зидди ҳукумати он кишвар иштирок кунанд. Баъди онки айбдоршавандаҳо аз ин нақшаи аввали худ худдорӣ карданд, онҳо қасд доштанд, ки дар Олмон ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд. Маъмулан онҳо бо ду роҳбари баландпояи ДИИШ дар Сурия ва Афғонистон тамос доштанд ва аз онҳо дастур мегирифтанд.

Ҳадафи ҳамлаҳои онҳо мебоист пойгоҳҳои низомии Амрико дар Олмон ва шахсони алоҳида қарор мегирифтанд. Аз ҷумла онҳо нақшаи сӯиқасд ба ҷони нафареро доштанд, ки аз назари аъзои ин гуруҳ, нисбат ба Ислом дар маҳзари ом суханрониҳои интиқодӣ мекард. Ба ин хотир айбдоршаванда Сунатуллоҳ К. алакай ҳадафи қасди кушторашонро таъқиб мекард. Онҳо ҳамчунин пойгоҳҳои ҳавоии артиши Амрикоро дар Олмон пайгирӣ мекарданд.

Онҳо барои анҷоми ҳамлаҳои тарҳрезикардаашон алакай силоҳи оташфишон ва тир дар ихтиёр доштанд. Ба ғайр аз ин, айбдоршаванда Равшан Б. дастурамали сохтани маводи таркандаву сӯзанда (USBV)-ро пайдо кардааст. Бархе ашёи лозим барои ин корро онҳо алакай тавассути почтаи интернетӣ харида буданд.

Бо мақсади маблағгузории нақшаҳои худ ва ДИИШ дар Сурия, айбдоршавандаҳо дар Олмон пул ҷамъ мекарданд ва тавассути гумоштаҳои молиявӣ дар Туркия ба он созмон мефиристоданд. Барои онки ба ДИИШ пули бештар бифиристанд, айбдоршаванда Равшан Б. барои як куштор дар Албания дар ивази 40 000 доллар фармоиш қабул кардааст. Айбдоршавандаҳо Равшан Б. ва Фарҳодшоҳ К. барои иҷрои ин нақша ба Албания рафтанд. Вале нақшаи онҳо дар он сафар кор надод ва айбдоршавандаҳо Равшан Б. ва Фарҳодшоҳ К. ба Олмон баргаштанд.

Айбдоршавандаҳо имрӯз (15 апрели соли 2020) ба додгоҳи федералӣ эҳзор мешаванд ва додрас бояд ҳукми ҳабси онҳо то замони шурӯи мурофиаашонро содир кунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий