Расонаҳо: Қазоқистон ҳаракати васоили нақлиётӣ ба Тоҷикистонро мамнӯъ кард

Иттиҳодияи кормандони ҳамлу нақли Қазоқистон аз мамнӯи ҳаракати васоили нақлиётӣ ба Точикистон ва Туркманистон хабар дод
Хабаргузории "Парс тудэй" дар интинод ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки Қазоқистон ҳаракати васоили нақлиётӣ ба Тоҷикистонро мамнӯъ кардааст.
Ҳукумати Қазоқистон тасмими мамнуияти ҳаракати васоили нақлиётӣ ба чанд кишвар, аз чумла Тоҷикистон ва Туркманистонро гирифтааст, менависад манбаъ."Ин мамнуият шомили худравҳои шахсӣ ва мусофирони Точикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мешавад, ки акнун транзити ин васоили нақлия ва шаҳрвандони хориҷӣ низ мумкин нест", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ба гуфтаи коршиносон ин иқдоми ҳукумати Қазоқистон, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюи вируси карона андешида шудааст, метавонад ба иқтисоди Точикистон хасороти фаровон ворид созад , зеро умдаи транзити маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад.
Аз сўи дигар, бахши умдаи воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ва соири кишварҳо низ аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад, ки метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон хасароти фаровон ворид намояд.
Комментарии (0)