Хабари тозаи Вазорати тандурустӣ дар бораи набуди коронавирус дар Тоҷикистон
Аз 1 феврал то 8 апрели соли равон 7257 шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои кишвар ба карантин фаро гирифта шуданд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифааш хабари тозае нашр карда, иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 8 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорат мегӯяд, аз 1 феврал то 8 апрели соли равон 7257 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои кишвар ба карантин фаро гирифта шуданд.
Бино ба гузориши ин ниҳод, аз ин шумора то рӯзи 8 апрел, 5243 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, феълан 2014 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Ҳамагирии коронавирус
Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.
Комментарии (0)