< Одамон мемиранд: Афғонистон аз Тоҷикистон дархости ирсоли пизишк ба кишвар кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Одамон мемиранд: Афғонистон аз Тоҷикистон дархости ирсоли пизишк ба кишвар кард

Одамон мемиранд: Афғонистон аз Тоҷикистон дархости ирсоли пизишк ба кишвар кард
Онҳо моҳе қабл ба ватани худ рафтанд ва барои беҳсозӣ аз коронавирус дар он ҷо қарантина шуданд. Ҳоло онҳо баъди қарантина наметавонанд дубора бозгарданд.

Ҳукумати шаҳристони Нусайи устони Бадахшони Афғонистон, ки дар назди марзи ҶТ ҷойгир аст, аз Душанбе дархост мекунад, ки ба бозгашти пизишкони тоҷикистонӣ барои кумак дар мубориза бо коронавирус иҷоза диҳад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Аббулғаффор Гардиш, муъовини раиси шаҳристони Нусай гуфт, “Тақрибан ҳамаи пизишконе, ки дар ягона бемористони чанд шаҳристони наздимарзӣ кор мекарданд, шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд".Онҳо моҳе қабл ба ватани худ рафтанд ва барои беҳсозӣ аз коронавирус дар он ҷо қарантина шуданд. Ҳоло онҳо баъди қарантина наметавонанд дубора бозгарданд.

Ӯ таъкид кард, ки онҳо мубталоёни коронавирус надоранд, вале захмиёне доранд, ки ба кумаки пизишкони тоҷикистонӣ ниёзманд ҳастанд.

Гардиш афзуд, ба иллати он, ки мо натавонистем кумаки комили пизишкӣ ироа диҳем, чанд нафар даргузаштанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий