
02.04.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Ғиёсова Меҳриниссо Муҳаммадиевна 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Рӯдакӣ, ҷ/д Сарикиштӣ, деҳ. Чортут моҳи октябри соли 2017 дар кӯч. А.Дониш х.50 бо роҳи фиреб ба боварии ш-нд, Бобоева Моҳира Баҳруллоевна 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Шаҳринав даромада, бо баҳонаи кори доимӣ ва маоши баланд ӯро ба ш.Дубайи АМА бурдааст. Баъдан, ш-нд, Ғиёсова М.М. ш-нд, Бобоева М.Б.-ро ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, муддати зиёда аз 6 моҳ барои алоқаи ҷинсӣ намудан, ба шаҳрвадони миллаташон гуногун шинос намуда, 6.000-доллари ИМА ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати ш-нд, Ғиёсова М.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)