ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
02.04.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Зоев Маҳмадзоир Раҳимович 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. 3-юм гузаргоҳи кӯч. Назаршоев х.30 соли 2015 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи ФР рафтааст. Номбурда, дар вақти дар он ҷо қарор доштанаш, тариқи сомонаи иҷтимоии “Зело” бо аъзоёни гурӯҳи ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ” шиносоӣ пайдо намуда, моҳи марти соли 2015 тавассути хатсайри “Москва-Истамбул” ба Ҷум. Туркия сафар кардааст. Баъдан, ш-нд, Зоев М.Р. бо тариқи ғайриқонунӣ сарҳади Ҷум. Туркияро убур карда, ба давлати Сурия рафта, ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати иcломӣ” шомил шуда, то ҳол дар задухӯрдҳои масаллаҳона иштирок карда истодааст. Нисбати ш-нд, Зоев М.Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 02.04.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Кенҷаев Илёс Умиддинович 1991 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқ. ҷ/д Куруш, деҳ. Меҳнатобод, кӯч. Л.Шералӣ х.9 соли 2015 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи ФР рафтааст. Номбурда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш, бо даъвати рафиқаш, Сайдуалиев Ҳасан Файзуллоевич, ки барои содир намудани ҷиноят расман дар ҷустуҷӯ қарор дорад, бо роҳи қасам ёд кардан ба ҳайати иттиҳодияи ҷиноятии ташкилоти экстремистӣ-террористии «ДИИШ» шомил гардида, санаи 11.03.2015 сол бо мақсади ғайриқонунӣ иштирок намудан дар воҳидҳои мусаллаҳ ва ё амалиёти ҷангӣ ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок карда истодааст. Нисбати ш-нд, Кенҷаев И.У. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)