< Дар Тоҷикистон имрӯз даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон имрӯз даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз гардид

Дар Тоҷикистон имрӯз даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз гардид
Ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват мегарданд

Рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон барномаи даъвати баҳорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар оғоз мегардад ва он то 31 май идома хоҳад ёфт, хабар медиҳад ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, Ширин Исматуллозода, муовини нахуствазири Тоҷикистон раиси комиссиюни даъвати ҷумҳурӣ интихоб шуд.Дар моҳҳои апрел ва май сарбозоне, ки мӯҳлати хидматашон поён ёфт, ба захира фиристода мешаванд. Ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват мегарданд.

Ҳамасола 15-16 ҳазор нафар ҷавон дар Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 27 аст, ба хидмати сарбозӣ мераванд.

Бар асоси додаҳои расмӣ, шумори ҷавонони синни даъват дар кишвар 600 ҳазор нафар аст. Зимнан, 150 ҳазор нафари онҳо аз хидмати сарбозӣ озод шудаанд, ё лоиқи хидмат нестанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий