Шарҳи ВКД оиди худкушии хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Мастчоҳ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи худкушии хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Мастчоҳро шарҳ дода гуфтааст, сабабҳои аслии воқеъа муайян карда мешаванд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари сомонаи "АхборКом" - ро, ки рӯзи 30 март таҳти сарлавҳаи "Худкушии хонандаи синфи 11 баъди 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаи БДА" беасос хонда, мегӯяд ин хабар ба воқеъият мувофиқат намекунад.
Тибқи иттилои ВУД, ноболиғ Сулаймонзода Набихоҷаи Нусрат, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Оббурдон, кӯчаи Мусо Исоев, ҳавлии №2, хонандаи синфи 11 МТМУ №3-и ҳамин ноҳия санаи 29-уми март тахминан соати 13:30-дақиқа, дар анборхонаи ҳавлии истиқоматиашон бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст.
Вазорат мегӯяд, ҳодисаи мазкур ба фаъолияти БДА рабт надорад. Зеро далели гӯё зимни идораи автомашинаи тамғаи “Мерседес”-и ба падараш таалуқ дошта боздошт шудани ноболиғ асоси воқеӣ надошта, аз суханони падараш Набихоҷа Сулаймонзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебаромад ва ҳуқуқи рондани автомашинаро надошт.
Ғайр аз ин падари ноболиғ Набихоҷа Сулаймонзода - Сулаймонов Нусрат Мирзоевич автомашинаи тамғаи "Мерседес" надорад ва барои ягон намуд ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима нашудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғи мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ маълум карда мешавад.
Комментарии (0)