< Коронавирус: шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба манзил расонданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Коронавирус: шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба манзил расонданд

Коронавирус: шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба манзил расонданд
Қазоқистон ва Тоҷикистон шаҳрвандонашонро, ки дар паи паҳншавии коронавирус дар ҳудуди ду кишвар дармонданд, ба манзилашон расонданд

Авиатсияи ҳарбии Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистонро ба манзил расонд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 24 шаҳрванди ин кишвар баргардонида шуд.

"Ин шаҳрвандон дар Тоҷикистон қарор доштанд ва дар паи ҷорӣ шудани қоидаҳои маҳдудкунанда, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, натавонистанд кишварро тарк кунанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин 23 шаҳрванди Тоҷикистон, тариқи ҳамон ҳавопаймо аз Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.

Сафари тоҷикистониён ва шаҳрвадони Қазоқистон бо ибтикори Вазорати дифоъ, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ва мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий