< Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
То 27 марти соли равон 2050 нафари дар карантин буда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870 нафар дар беморхонаҳои сироятии кишвар дар карантин қарор доранд

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад, ки аз 1  феврал то 27 марти соли равон 5919  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои кишвар ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида  2050  нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар  карантин  қарор доранд.

"Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то имрӯз, 27 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабарнома.

Комментарии (0)

Оставить комментарий